- ғоиб
- [غايب]а. он чи ё он ки аз назар пинҳон аст; муқоб. ҳозир; чизе ё одаме, ки дар куҷо буданаш маълум нест; дар ғоиби… дар ғайби…, дар вақти ҳозир набудани…; ҳозиру ғоиб ҳозир будан ё набудани шахсони номашон дар рӯйхатбударо тафтиш кардан (мас., дар вақти дарс); ғоиб шудан а) аз пеши назар ниҳон шудан, нопадид шудан, ба чашм нанамудан; б) гурехта рафтан, ғайб задан; ғоиб шуда рафтан тамоман бедарак шудан, ғайб задан; гум шуда рафтан; аз назар ғоиб шудан ба чашм нанамудан; нопадид шудан◊ оши ғоиб оше, ки барои ягон шахси ҳозирнабуда аз рӯи эҳтиёт нигоҳ дошта мешавад ва ё ба хонааш фиристода мешавад
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.